Барои ба жамъоварии баъзе маълумотҳо
мадад карданашон ба падарам Вафоев Абдураҳимхони 90-сола ва дигар сокинони куҳансоли
деҳаҳои Сулфакабутак ва Қалъабоғ миннатдори баён мекунам.
Самарканд сайқали рўи
замин аст
Бухоро қуввати ислому дин аст
Машҳадро гумбади сабзаш набошад
Харобатхонаи рўи замин аст
Шояд ки
шоир Самарқандро на танҳо барои ёдгориҳои безаволи Регистону Шоҳи Зинда ё Бибихониму
Гўри Мир чунин васф карда бошад. Шаҳри мо бо иқлими хушҳаво ва табиати зебои
худ низ тамоми сайёҳонро мафтуни худ
мегардонад.
Дар воқеъ, агар Самарқандро ба жавоҳир монанд кунем, пас
халкаи заррини он, аниқтараш ҳалқаи сабзи он тумани Самарқанд мебошад. Боғу роғҳои
атрофи шаҳрро мардуми такжои боғот ва сокинони онро боғотиён меномиданд. Боғот
на танҳо аз шаҳр балки аз деҳаҳои дуртар аз шаҳр фарқи калоне дошт. Биёед
аввало дар бораи боготҳои атрофи шаҳр камтар маълумот меоварем.
Боғотҳои Самарқанд аз замонҳои Суғди қадим то солҳои
1960-1970 асри гузашта кариб бе тагьир мавжуд буданд.
Замоне, ин деворҳои баланд, шаҳри азимро аз боготҳои атроф жудо мекард
|
Хушбахтона дар бораи боғотҳои
Самарқанд аз таърихнависҳои маҳалли ва хорижии қадим ба мо маълумотҳои зиёде
омада расидааст.
Чунончи сайёҳи Чин дар асри VII Сюань Цзянь ки меҳмони шаҳри мо шуда буд дар рўзномаи
худ навишта буд «Дар Самарқанд замин хеле ҳосилхез буда инжо сабзавот, полиз ва
дарахтҳои мевадор парвариш карда мешавад».
Дигар олими жуғрофияшиноси
араби асри Х Истархий ба табиати шаҳрамон мафтун шуда –
«Самарқанди Суғд аз ободтарин сарзаминҳои офаридаи Аллоҳ буда дар он меваҳои беҳтарин
месабзад» гуфта навиштааст.
Бобокалони бузурги мо Заҳириддин Мухаммад Бобур дар
«Бобурнома»и безаволи худ овардааст-«Дар тамоми дуньёи одамнишин шаҳре нест ки
монанди Самарқанд бошад ва ў ба иқлими панжум мансуб аст. Дар ин жо ангур, себ ,анор
ва дигар меваҳо бисьёр аст. Лекин беҳтарини инхо себи Самарқанд ва соҳибии
Самарқанд (навъи ангур) мебошад». Ў инчунин дар китоби худ дар бораи боғҳоеки
Амир Темур барпо карда буд маълумотҳои пурқиммате овардааст.
Боғот чи гуна намуд ва манзарае дошт ки онро ба тамоми
жаҳон машҳур кард? Манзараи боғот аз манзараи деҳа ва кишлоқхои дуртар аз шаҳр
фарқи калоне дошт. Зеро, дар ин жо дарахтҳои меванок ва манзаранок хеле зиёд
буданд. Аммо боғот камтар ба деҳаҳои наздикухи шабоҳат дошт ки жои таажжуб
надорад. Чунки куҳсорҳои наздиктарин аз шаҳри мо хамаги дар масофаи 10-15 км
дуртар жойгир шудааст. Бесабаб нест ки дар байни шаҳрҳои калони ватанамон Самарқанд
шаҳри баландтарин буда аз сатҳи баҳр зиёда аз 700 метр баландтар жойгир
шудааст. Рельефи мураккаби атрофи шаҳр ва дар он будани оби равону сарчашмаҳо
инчунин сабзидани буттаву дарахтони ёбои низ аз хамон сабаб аст. Чунончи аз ҳудуди
богот рудҳои Оби Раҳмату Сиёҳоб, каналҳои
Дарғаму Мирзоариқ ва жуйборҳои Шавдору
Оби Машат жори мешаванд. Ажоибаш ин ки сарчашмаи рудчаҳои Оби Раҳмат ва
Сиёҳоб на кўҳсорҳои наздики Самарқанд балки бевосита чашмаҳои атрофи шаҳр мебошад ки дар табиати Ўзбекистон ҳодисаи ноёб ба шумор
меравад.
Рудчаи сиехоб дар наздики деҳаи кони били тумани Самарканд |
Жўй ва каналҳои атрофи шаҳрро ҳануз дар замонҳои қадим аждодони мо
кофта буданд .Масалан таърихнависи Юнони қадим Геродот дар бораи канали Дарғам
(Даргоманий ба қавли муаллиф) нависта бошад, З.М.Бобур дар Бобурномаи худ дар
бораи жўи Шавдор маълумот овардааст. Канали Мирзоариқ бошад бо фармони
бобокалонамон шоҳ ва олими машҳур Мирзо Улуғбек кофта шудааст. Дар ин жўю
жуйборҳо бисьёр осиёбу обжувоз ва барои баровардани об бошад чархфалакҳо мавжуд
буданд. Ҳатто барои тайёр кардани коғази Самарқанд ки дар тамоми жаҳон машҳур
буд аз қувваи об истифода мебурданд.(Ҳоло корхонаи қогазбарори дар деҳаи Кони
Гили назди шаҳр аз тарафи ҳунармандони Самарканд аз нав барқарор карда шудааст
ки бовоситаи оби Сиёхоб кор мекунад)
Дар боғот себ, шафтолу, олуболу, нок, анжир, анор,
ангур барин дарахтҳои меванок ва чинор, сафедор, бед, сада ва ҳатто сарв барин
дарахтҳои манзарави парвариш карда мешуд. Хусусан, дарахтҳои зардолу ва зардолузорҳо бисьёр буданд ки ба боғот
манзараи махсуси батакрор мебахшид. Аксарияти ин дарахтҳо токпеч буданд ки
манзараи боғотро боз хам зеботар мекард. Тамоми ин дарахтон на ба шакли
плантацияхои ҳозира, балки омехта ва гуё ки бетартиб месабзаданд ки боғотро ба
бешаи ба худ хосе монанд мекард. .
Ажоибаш ин ки боғот харчанд ба шаҳр наздик ва серахоли
бошад ҳам, ҳудуди он саросар азхудшуда ва банд набуд. Дар ин жо теппаҳои баланд,
жариҳои чуқур, чашмаҳои сероб ва кўлҳои сермоҳи мавжуд буданд. Ин жо дарахту буттаҳои ёбои ба мисли себи ёбои,
дўлонаи кўҳи, чормагзи худруй, сафедор, челон месабзиданд. Аз жонварон ва
паррандагон бошад рўбоҳ, жайра, кундуз (сагоби), титав (тустовук), куккарга, фароштурук
бисьёр буданд. Дар шохҳои сафедорҳои баланд лаклакҳо лона сохта дар шохҳои
чинору сада саъваю булбулҳо хониш мекарданд.
Аҳолии маҳаллии боғот аз жиҳати забон ва маданият аз
сокинони шахр фарқе надоштанд. Фақат аз жиҳати шуғли мардум фарқ мекарданд.
Зеро онҳо ба ғайр аз ҳунар боз бо деҳқони ва хусусан боғпарвари ҳам машғул
буданд ва чорвои камшумор низ доштанд.
Сокинони бадавлати шаҳр дар боғот соҳиби кўрғонҳои
баланди сернақшу нигор буданд ки ба забони ҳозира дача номидан мумкин аст. Дар
ин жо онҳо дар фаслҳои гарми сол зиндаги карда бо баробари хунук шудани обу ҳаво
ба шаҳр бармегаштанд. Сонитар баъзе аз онҳо ин жойро ҳамчун жои доимии зишт қабул
карданд. Қўрғонҳо бо девори баланди гилини сернақшу нигор печонида шуда дар
кунжҳояшон буржҳои манорамонанд доштанд. Хусусан, дарвозаҳои пурнақши чубини
кургонҳо ки мардум дари боғдоди меноманд хеле зебо буд. Ҳамаи ин қўрғонҳоро
камтар ба ёдгориҳои таърихии шаҳр монанд мекард. Қўрғон на фақат хонаи зишт,
балки ошхона, танўрхона, саисхона ва агар соҳиби қўрғон ҳунаре дошта бошад,
устохона ё дуконе дошт.
Қўрғон тахминан 10-15 хол жойро банд мекард. Дар назди
дарвозаи қўрғон майдони сердарахте буд ки дар он зардолую тут ва чормағзу сада
барин дарахтҳои баланд, дар гирду атрофаш бошад заминҳои деҳқони, хусусан
токзорҳои бепоён буд. Ҳамаи ин боғу токзорҳо одатан ба соҳиби қўрғон тааллук
дошт. Ҳар як қўрғон алоҳида жой гирифта аз якдигар камаш 100-150 метр дуртар
буданд. Қўрғонҳо манзараи боғотҳои сарсабзро боз ҳам зеботар (экзотиканок)
мекард. То замонҳои наздик боқимондаи ин қўрғонҳо дар атрофи шаҳр бисьёр буд. То солҳои
1960-1970 асри гузашта баъзе сокинони атрофи шаҳр дар қўрғонҳо зиндаги
мекарданд.(Муаллифи мақола низ то синни 8 солаги дар яке ин қўрғонҳо ки дар маҳаллаи
Сульфакабутак буд зиндаги кардааст). Бо як тасодуфи хушбахтона дар маҳаллаи
Кафтархона ки ҳозир ба худуди шаҳр мансуб аст боқимондаи яке аз қўрғонҳо мавжуд аст.
Боқимондаи яке аз қўрғонҳо дар маҳаллаи Кафтархона |
Акнун дар байни боғотҳои сарсабзу зебо хаёлан ба боғҳои
барпокардаи бобокалонамон соҳибқирон Амир Темур саёҳат мекунем. Инхо Боги Шамол,
Боги Дилкушо, Боги Чинор ва ғайра буданд. То ҳол дар жои жойгиршудаи ин боғҳо деҳа ва маҳаллаҳои ҳамноми онҳо чунончи деҳаҳои
Боғи Майдон, Боғи Баланд, Боғи Тилло ва Боғи Зоғон мавжуданд. (Дар бораи ин боғҳо
дар яке аз шумораҳои ояндаи газета маълумоти пурратар меорам).
Аз ин рў, саволе ба миён меояд ки тақдири ин боғу роғҳо
яъне боғот чи шуд. Бо сабаби зиёд шудани аҳоли ва сохта шудани корхонаҳои
саноати, шаҳрамон аз ҳисоби боғотҳо хеле васеъ шуд. Дар массивҳои ҳозираи
Гагарину Микрорайон, Сугдиёнаву Саритеппа то замонҳои наздик ба мавжуд будани
боғҳои сарсабзу зебо боварии кас намеояд. Афсус ки дар замони собиқи Шўро барои
қисман нигоҳ доштани ин богу рогхо чорае андешида нашуд.
Шаҳри мо аз тарафи ташкилоти байналхалқии Юнеско ба рўихат
гирифта шудааст. Ҳар сол барои дидани шаҳри Самарқанд ҳазорхо саёҳҳони хорижи
ва маҳалли меоянд. Ҳамаи инҳоро ба ҳисоб гирифта барпо кардани «Боғи миллии боғотҳои Самарқанд»-ро
таклиф мекунам. Дар таркиби ин боғ яке аз боғҳои барпокардаи Амир Темурро ҳам аз нав барқарор кардан ба мақсад
мувофиқ аст. Барои ин, аз ҳудуди хушманзара лекин беаҳолии атрофи шаҳр истифода бурданро илтимос
мекунам.
Агар ин мақсади мо Самарқандиён ижро шавад, ин барои ҳамватанони
мо ва меҳмонони ватанамон чи аҳамият дорад?
Аввало дар ин жо мева ва сабзавотхои тозаи экологи
парвариш карда мешавад. Сониян растани ва жонварони ноёб барои наслҳои оянда
нигоҳ дошта мешавад. Боз дар ин жо идҳои Наврўз, Қовун сайли (иди харбуза), Кўпкари
ва ҳам тўйҳои милли гузаронида мешавад. Лекин аз ҳама муҳимаш дар шаҳрамон ва
атрофи шаҳр туризм хусусан экотуризм ривож меёбад ки ба иқтисодиёти ватанамон
ва бо кор таъмин шудани жавонон аҳамияти
калон дорад. Мондан гирад, ин жо барои мо ва барои меҳмонони шаҳри мо жои хуби
истироҳат мегардад гуфта бо ҳурмат-
Самарканд
туман маҳаллаи Сульфакабутак
Вафоев Рустам тел. 5452315
Комментариев нет:
Отправить комментарий